Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони кишварҳои узви СҲШ дар нишасти Пекин ба Эъломияи минтақаи сулҳи пойдор ва шукуфоии муштарак имзо гузоштанд.

Сарони кишварҳо ҳамчунин роҷеъ ба наҳваи вокуниши СҲШ ба ҳолатҳое, ки сулҳу амнияти минтақаро таҳдид мекунад, қарор қабул намуда ва барномаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ дар солҳои 2013-2015-ро тасдиқ карданд.

Бар асоси қарори иҷлоси сарони СҲШ ба Афғонистон мақоми кишвари нозир дар СҲШ дода шуда, Туркия ба муколамаи ин созмон ҳамроҳ карда шудааст.

Сарони кишварҳои узви СҲШ роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон низ баҳс намуда ва ба зарурати «ҳалли ин масъла танҳо аз роҳҳои сиёсӣ ва димломтӣ» таъкид намудаанд.

Дар иттилоияи расмие, ки нашр шудааст, ба иловаи ин, ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нишасти сарон роҷеъ ба барномаи сипари зидди мушакӣ (ПРО) ҳам изҳори назар шудааст. Дар ин санад омадааст, ки «густариши якҷониба ва номаҳдуди сипари мушакии як давлат ва ё гурӯҳе аз давлатҳо бе назардошти манофеъи кишварҳои дигар метавонад бар зиёни амнияти байналмилалӣ ва суботи роҳбурдии ҳамаи дунё анҷом шавад».

Дар санади мазкур инчунин гуфта мешавад, ки мушкилоти вобаста ба ин қазия низ бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва бо талоши ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳал шавад.

Сарони кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин аз талошҳои Шӯрои Аминияти СММ роҷеъ ба ҳалли бӯҳрони Сурия пуштибонӣ кардаанд. Сарони кишварҳо дар санаде, ки мунташир шудааст, ба хатми ҳамагуна зӯроварӣ дар Сурия, аз ду тарафи даргир таъкид кардаанд.

Дар Эъломияи Пекин ҳамчунин гуфта шудааст, кишварҳои узви СҲШ "бо истифодаи фановариҳои иттилоотӣ ба қасди халадор намудани субот ва амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвраҳои узви СҲШ муқолиба хоҳанд кард ва ба таблиғи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет роҳ нахоҳанд дод".

Раҳбари Чин Ху Ҷинтао зимни ин нишаст гуфтааст, ки кишавараш 10 миллиарад доллар қарз дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ қарор хоҳад дод. Аммо ӯ роҷеъ ба шароити додани ин қарз тавзеҳоти бештаре надодааст. Раҳбари Чин гуфтааст, ки СҲШ бояд ба як «хонаи бузурги сулҳ ва ризоят» табдил шавад. Ху Ҷинтао, ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки Кумитаи ҳамҷаворӣ, дустӣ, ҳамкории СҲШ таъсис шавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия пешниҳод кардааст, ки маркази воҳиди мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта таъсис шавад. Владимир Путин ҳамчунин хостори таҳияи шароит барои қабули аъзои нави СҲШ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG