Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони ҷавони тоҷик – қаҳрамони Осиё


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод, юнониву румӣ ва гуштии занона миёни варзишгарони соли таваллудашон 1992-1994, ки дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, намояндагони 20 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро ду нафар дар навъи гуштии озод ва ду нафар дар намуди гуштии юнониву румӣ намояндагӣ карданд.

Манучеҳр Аллаеви 20-сола дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай дар нахустин қувваозмоии худ дар даври чаҳоякниҳоӣ бар Маҷид Алиёрии эронӣ бо ҳисоби 1:0, 0:2, 2:0 ғолиб омад. Баъдан дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Муҳаммадалӣ Шамсиддинов (1:0, 3:0) пирӯз шуд ва дар даври ниҳоӣ бар рақибаш аз Туркманистон Кяас Есенов (1:0, 0:1, 1:0) ғалаба кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ тими Эрон ғолиб шуд. Дастаи мизбон — Қазоқистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонон, ки аз 4-ум то 9-уми сентябри соли равон дар Тайланд баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG