Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз қатли оми дигаре дар Сурия


Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматӣ дасти кам 86 нафарро дар вилояти Ҳамо куштаанд. Ба гуфтаи Шӯрои Миллии Сурия, ин мардум дар рустоҳои Ал-Қубайр ва Марзуф мардумро “қатли ом” шудаан. Бино ба гузоришҳо 40 нафари онҳо занону кӯдакон будаанд. Мухолифин мегӯянд, танҳо дар рустои Қубайр 78 нафар кушта шудаанд. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, ки дар ин маҳал баъди ҳамла ба “террористҳо” ҷасад пайдо кардаанд. Ду ҳафта пеш аз ин дар шаҳри Ҳула дар Ҳомс 108 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуда буданд. Шоҳидон ин корро амали дасти нерӯҳои давлатӣ медонанд ва ҳукумати Сурия мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хотири мудохилаи низомии хориҷиён дар низоъи Сурия мардуми осоиштаро қатл мекунанд.
XS
SM
MD
LG