Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳои "сафири ояндаи" Амрико дар Душанбе


Номзади пешниҳодии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба мақоми сафири кишвараш дар Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати пазируфтанаш ба ин мақом, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҷалби кӯмакҳои бештари он барои Афғонистон аз дастури асосии кораш хоҳад буд. Сюзан Марш Элиот, дипломати собиқадор ва дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба Кумитаи равобити хориҷии сенат рӯзи чаҳоршанбе гуфт:"Ҷомеаи бозу демократӣ ва ботаҳаммул пойдевори маҳкаме барои кишвари амну ором ва шукуфо аст. Дар сурати пазируфтани номзадӣ, ман бо ҳукумати Тоҷикистон кор хоҳам кард, то барои бунёди як чунин ҷомеа қадамҳои мушаххас бардорад." Сюзан Марш Элиот, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе кор кардааст, ҳамчунин гуфт, тайи ду даҳсола рукнҳои як ҷомеаи бозу демократӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ ташаккул наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG