Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯзок ба дарди бедаво табдил мешавад?


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод, ки мумкин аст, бемории ҷинсии гонорея ва ё сӯзок ба зудӣ ба як дарди бедаво табдил шавад. Манҷула Нарасимҳан, мутахассиси бахши бемориҳои ҷинсӣ дар ин созмон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, бактерияи ангезандаи сӯзок “ба ҳар дору ва давое, ки барои муолиҷаи он сохтаанд, муқовим шудааст.” Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, меъёрҳои истифодаи антибиотикҳоро саххтар кунад, то онҳоро ба таври дуруст алайҳи бемории сӯзок истифода баранд ва вусъати воқеъии ин бемориро муайян намоянд. Солона дар ҷаҳон 500 миллион мавриди сирояти бемориҳои аъзои таносул сабт мешавад, ки бештар аз 100 миллион мавриди он бемории сӯзок аст. Афроди гирифтор ба ин беморӣ назар ба дигарон дар баробари бемории вируси норасоии масунияти бадан осебпазиртар мешаванд.
XS
SM
MD
LG