Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Тоҷикистон як корхонаи азим месозад


Тоҷикистону Чин як созишномаи наверо ба имзо расонидаанд, ки бар асоси он як ширкати чинӣ дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи азими тавлиди семент бунёд мекунад. Созишномаи мазкур миёни Ширкати давлатии алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва CNBM, Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин ба имзо расидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бар асоси ин созишнома дар ноҳияи ҷанубии Шаҳритус бо харҷи 600 миллион доллар корхонаи муштараки “CNBM-TALCO семент” бунёд мешавад ва аз ашёи маҳаллӣ солона 3 миллион тонна навъи аълосифати семент тавлид хоҳад кард. Бар асоси тарҳ, коргоҳи аввалин бояд дар муддати 2 сол ва бо иқтидори тавлиди 1 миллион тонна семент дар як сол сохта шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 5 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
XS
SM
MD
LG