Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, Ғарб "баҳонаҷӯӣ" дорад


Эрон мегӯяд, шубҳа дорад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ омодаи музокироти ҳастаӣ бо ин кишвар ҳастанд, ки қарор аст, ҳафтаи оянда дар Маскав баргузор шавад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳукумати Эрон Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро интиқод кард, ки ба гуфтаи он, мисли як “хадамоти дасткоришудаи ҷосусии ғарбӣ” рафтор мекунад. Матбуоти Эрон навиштааст Саид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ду бор аз Бритониё, Фаронса, Русияву Чин ва Амрикову Олмон хостааст пеш аз нишасти Маскав дар рӯзи 18 июн гуфтӯгу кунанд, аммо посухе аз онҳо нагирифтааст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ҳам қудтарҳои ғарбиро ба “баҳонаҷӯӣ” ва “талаф додани вақт” муттаҳам кард. Кишварҳои ғарбӣ ҳам пайваста Эронро муттаҳам кардаанд, ки ба хотири кашол додани вақт музокирот мекунад. Ғарб мегӯяд, Эрон мехоҳад, таҳти пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG