Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Амрико аз амалкарди Исроил


Ҳукумати Амрико, Исроилро барои барномаи тавсиаи шаҳраксозиаш дар сарзаминҳои ишғолии Канораи Ғарби Рӯди Ӯрдун интиқод карда гуфт, ин барнома монеъи музокироти сулҳ бо Фаластиниён хоҳад шуд. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора баъди он сухан гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил амр дод, дар маҳалли Байтул Моъ дар наздикии шаҳри Рамаллоҳ як шаҳраки сесадманзилӣ сохта шавад. Музокироти мустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён бинобар мухолифати фаластиниён ба шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аз соли 2010 ба ин сӯ беҳаракат мондааст.
XS
SM
MD
LG