Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марзбони зиндамондаи қазоқ


Кумитаи Амнияти Миллии Қазоқистон, марзбонеро боздошт кардааст, ки ҳафтае пеш 14 ҳамхидматаш дар сарҳади Чину Қазоқистон кушта шуданд. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки Владислав Челах, сарбози қаторӣ, эътироф кард, ки 13 ҳамхидматаш ва як ҷангалбони қазоқро дар посгоҳи марзӣ худаш куштааст. Аҷсоди ин 14 нафарро дар посгоҳи дурафтодае дар ҷанубушарқи Қазоқистон ёфтанд, ки дар коми оташ сӯхта буд. Худи Владислав Челахро рӯзи сешанбе пайдо кардаанд ва хешовандонаш мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе накардааст.
XS
SM
MD
LG