Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои интернетрасон хостаанд, андози аксизии седарсадиро аз корбарон нагиранд.

Ин мақомот аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо намудаанд, ки нархи интернетро барои муштариён бетағйир боқӣ гузоранд.

Тақозои раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар ҳоле садо медиҳад, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар кишвар бо назардошти андози аксизӣ аз аввали моҳи ҷорӣ қимати истифодаи онро то 4 дарсад боло бурданд. Аммо раҳбари Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ворид кардани хатти интернет аз Чин бояд ба афзоиши нархи интернет дар кишвар хотима гузошта шавад.

Бек Зуҳуров мегӯяд: “Имрӯз оператори миллии Тоҷикистон имконияти васеъи пешниҳоди интернетро ба истифодабарандагон дорад. Яъне корбарон метавонанд бо нархи арзон аз оператори миллӣ интернети босуръатро харидорӣ намоянд. Аммо агар провайдерҳои хусусӣ чунин имкониятро надошта бошанд онҳо низ метавонанд аз оператори миллӣ интернет гирифта бо нархи арзон пешниҳоди мардум созанд”.

Ҳанӯз рӯшан нест, изҳороти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон ба нархи интернет дар кившар чӣ таъсир хоҳад дошт.

Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати алоқаи мобилии “Вавилон-М”, ки яке аз пешсафони ин соҳа аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо низ чанд рӯз пеш таруфаҳои истифодаи интернетро бозбинӣ кардааст: “Кумитаи андоз аз мо талаб кард, ки мо андози аксизии 3 дарсадиро бисупорем ва мо талаби онҳоро иҷро карда истодаем. Мо ин мабалғро аз мушатриё нагирифта тамоми ширкатҳо онро аз ҳисоби худашон пардохт карданд. Кумитаи андоз аз мо 3 фоийзро талаб мекунад мутаносибан нархи интренти мо низ ҳамин қадар фойиз баланд бардошта шуд”.

Дар ҳамин ҳол, худи ширкатҳои фароҳамсози интернет аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки боло бурдани нархи интернет, метавонад ба коҳиш ёфтани шумораи муштариёнашон дар Тоҷикистон боис шавад.

Фаришта, яке аз корбарони доимии шабакаи ҷаҳонӣ мегӯяд, хабари болоравии нархи интернет ӯро сахт нигарон кардааст. Зеро ба гуфтаи вай то имрӯз ӯ аксари корҳои идориву шахсии худро тариқи шабакаи ҷаҳонӣ анҷом медиҳад.

Фаришта аз ҷумла афзуд: ”Ин хабар маро чун корбари ин шабака озурда кард. Чун тамоми фаъолияти кориям аз интрент вобастагӣ дорад. Яъне мубодилаи маълумот, муошироат бо ҳамокронам, ки дар минтакаҳои мухталиф карор доранд, ҳам маблағи мо ва ҳам хароҷоти сафарро кам мекард. Бинобар ин, ҳоло ман маҷбур мешавам, ки дигар аз шабакаи интрент камтар истифода барам, чун нархи он ба ҷайби ман латма мезанад”.

Афзоиши харҷи интернет дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ ҳоли ҳозир шумораи корбарони шабакаи ҷаҳонӣ дар кишвар беш аз ду миллион нафарро ташкил медиҳад.

Бино бар мушоҳидаҳо, аксари истифодабарандагони шабакаи интерент дар Тоҷикистон ҷавонон буда, шумораи бештари онҳо тариқи телефонҳои мобилӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ пайваст мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG