Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти сарони СҲШ дар Пекин


Дар пойтахти Чин, шаҳри Пекин нишасти дурӯзаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз ба кор кард.

Дар ин нишаст, раисони ҷумҳуриҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва меҳмонону нозирони ҳамоиш, аз ҷумла, раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва президенти Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов иштирок доранд.

Интизор меравад, ки дар поёни нишаст Эъломияи муштараки раҳбарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар амри мубориза бо терроризм, тундгароӣ ва ҷудоиталабӣ дар солҳои 2013-2015 ба имзо расад.

Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин ва мизбони нишаст гуфт, ки тадбирҳои мазкур барои мусоидат ба Cозмони Шонгҳой дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақаӣ андешида мешаванд. Дар нақли қавл аз президенти Чин гуфта шудааст, ки ӯ Афғонистонро ба унвони як чолиши ҷиддӣ барои кишварҳои узви Созмон ном бурда, гуфтааст, ки гурӯҳи Шонгҳой ният дорад дар ҷараёни барқарорсозии Афғонистон нақши фаъолтаре иҷро кунад.

Таъкид мешавад, ки решаи гурӯҳҳои исломии шӯришие, ки дар хоки Русия, Чин ва Осиёи Марказӣ амал мекунанд, аз манотиқи қабиланишини Афғонистон ва Покистон об мехӯранд.

Вазири хориҷаи Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ки интизор меравад, Чину Афғонистон дар бораи “марҳилаи нави стратегии” ҳамкориҳои дуҷониба хабар диҳанд.

Интизор меравад, ки дар нишасти мазкур ба Афғонистон мақоми нозир дода шавад ва ин кишвар дар мавқеи баробар бо Эрон, Покистон, Ҳинд ва Муғулистон дар нишастҳои ин созмон иштирок кунад. Бо истиқбол аз мавқеи нави Афғонистон, намояндаи Русия гуфт, ки ин ба маънои он нест, ки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар амри таъмини амнияти Афғонистон талош ба харҷ диҳад. Нишаст бояд роҳҳои беҳтари кӯмак ба хуруҷи 130 ҳазор нирӯи хориҷӣ аз хоки Афғонистонро то охири соли 2014 баррасӣ кунад.

Ҳамзамон, намояндаи Русия дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Кирилл Барский гуфт, ки Эрон ба узвияти комили ин созмон дар сурате қабул мешавад, ки СММ ҳама таҳримҳояшро дар нисбати ин кишвар пурра аз байн барад. Кирилл Барский гуфт, ки муқаррароти Созмони Шонгҳой кишвареро, ки аз ҷониби СММ таҳрим шудааст, ба узвият қабул намекунад. Ҳоло Эрон барои барномаи ҳастаиаш аз ҷониби СММ чаҳор дафъа таҳрим шудааст.

Дар нишасти имрӯзаи Созмони Шонгҳой президент Маҳмуди Аҳмадинажод иштирок мекунад. Эрон давоми ҳафт соли охир мехоҳад, ки ба узвияти ин созмони минтақаӣ шомил шавад.

Хабарнигори радиои Озодӣ Айданбек Тошканбоев, ки бо ҳайати ҳукумати Қирғизистон аз нишасти Пекин назорат мекунад, дар сӯҳбати телефонӣ аз Чин гуфт:

- Шоми чоршанбе дар чаҳорчӯби нишаст раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой паси дарҳои баста ба қавле барои ташкили ҷаласае дар маҳфили маҳдуд гирди ҳам омаданд ва хабарнигорон ба ин нишаст роҳ наёфтанд. Барои мо маълум аст, ки раҳбари Қирғизистон дар сӯҳбат бо ҳамтоёнаш ба тақвияти ҳамкориҳои амниятиву иқтисодӣ таъкид карда, бахусус роҷеъ ба таҳдидҳои афзояндаи қочоқи маводи мухаддир сӯҳбат кардааст. Вай даъват кардааст, ки барои муқобила бо ин таҳдидҳо бояд сохтори вижаи муқобила бо маводи мухаддир дар чаҳорчӯби ин созмон ташкил шавад. Вай инчунин дар бораи вазъи Ховари Миёна ва рӯйдодҳои ахир дар ҷаҳони Араб назари худро баён карда, ба ҳалли дипломатии мушкилоти ин минтақа ва нақши фаъоли СММ таъкид кардааст. Аз ҳоло маълум аст, ки соли оянда раҳбарии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба дӯши Қирзистон буда, тирамоҳ нишасти раҳбарони ин созмон ҳам дар Бишкек барпо мешавад.

Суол: Айданбек, оё маълум аст, ки фардо, дар рӯзи ниҳоии нишаст чӣ нақшаҳо барномарезӣ шудааст?

- Бале, фардо ҷаласаи васеи раҳбарон барпо мешавад, ки бо маросими имзои санадҳои хотимавии нишаст анҷом меёбад. Ва баъди ин онҳо дар баробари хабарнигорон ҳозир шуда ба саволҳои журналистон ҷавоб хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG