Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ду зина боло шуд


Тоҷикистон дар феҳристи навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) ду зина боло шуд ва дар мақоми 129-ум қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 13. Русия (дар ҷойи 11-ум буд). 51. Арманистон (47). 52. Украина (50). 57. Эстония (54). 66. Узбакистон (70). 69. Беларус (69). 76. Латвия (74). 88. Литва (89). 95. Гурҷистон (95). 112. Озарбойҷон (109). 129. Тоҷикистон (131). 138.Туркманистон (144). 140. Молдова (142). 141. Қазоқистон (137). 196. Қирғизистон (195).

Дастаи миллии Испания байни 208 тими миллӣ мисли пешин дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Уругвай дар ҷои дувум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳолланд, Бразил, Инглистон, Аргентина, Хорватия, Дания ва Португол ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 17-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 23-юм), Австралия (24), Кореяи Ҷанубӣ (35), Эрон (45), Узбакистон (66),Чин (73), Ироқ (74), Урдун (80), Кувайт (87) ва Кореяи Шимолӣ (89).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG