Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА базудӣ ба сокинони Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ иҷозаи сафар ба Амрикоро хоҳад дод


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳуҷҷатҳои ашхоси дорандаи ба истилоҳ “санадҳои бетарафро”, ки аз ҷониби ҳукумати Гурҷистон содир шудаанд, эъироф хоҳад кард. Ин ба он маъност, ки сокинони ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳақи сафар ба Ғарбро пайдо мекунанд. Клинтон, ки баъди мулоқот бо президент Михаил Саакашвилӣ дар соҳили Батумӣ назди хабарнигорон ҳозир шуд, гуфт, ки мавзӯи сафари сокинони Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба хориҷи кишвар бо раҳбари Гурҷистон баррасӣ кардааст. Вай Гурҷистону ду ҷумҳурии ҷудоиталабро ба муттаҳидшавӣ даъват кард ва гуфт:

- Базудӣ сафорат ва консулгариҳои Амрико дар саросари ҷаҳон санадҳои мусофиронеро, ки мавқеи бетараф доранду бо ҳадафи саёҳату таҳсил дар ИМА ба роҳ мебароянд, қабул хоҳанд кард. Ин як қадами мустаҳкаме дар роҳи ваҳдати миллӣ ва ҳалли сулҳомези моҷароҳои гузашта хоҳад шуд.

Баъди ҷанги кӯтоҳмуддати миёни Русияву Гурҷистон августи соли 2008 Маскав истиқлолияти ҷумҳуриҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG