Пайвандҳои дастрасӣ

Мушоҳидаи дар рӯи Хуршед қарор гирифтани Зуҳра дар Душанбе


Соати 9 рӯзи чоршанбе сокинони пойтахти Тоҷикистон ҳолати дар як хат қарор гирифтани Хуршед ва Зуҳраро бо чашмони одӣ мушоҳида карданд.

Ба қавли Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улулми Тоҷикистон ин ҳодисаи нодир буда, дар саду панҷ сол як маротиба рух медиҳад.

Хурсанд Ибодиниов дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки саёраи Зуҳра аз рӯи Офтоб мегузарад ва дар миёни саёраи Замину Хуршед рӯи як хат қарор мегирад. Лаҳзаи убури саёраи Зуҳра Офтоб камранг ва хиратоб мешавад.

Вай гуфт, ки ин лаҳзаро ҳам дар расдахонаи нуҷумшиносии Ҳисор ва ҳам дар расадхонаи таълимии Донишгоҳи милии Тоҷикистон мушоҳида карданд, ки дар ҷараёни мушоҳида донишҷуён низ ширкат кардаанд.

Ба қавли нуҷумшинос Ибоддинов ин лаҳзаи нодир имкон медиҳад,ки масофаи миёни Зуҳра Офтоб ва Зуҳалу Замин ба осонӣ дақиқ карда шуда, хусусиятҳои физикии онҳо мушаххас карда шуда, андозаи ин саёраҳо ҳисоб карда шавад.

Ҷараёни ин ҳодиса то 6 соат идома кардааст ва ҷаноби Ибоддинов машварат медиҳад, ки ҳангоми мушоҳида ба чашм айнаки сиёҳ гузоранд, то чашм аз нурҳои офтоб дар ин лаҳза осеб набинад.

Ҳамин тавр такрори ин лаҳза пас аз 105 соли дигар рух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG