Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия: То замони бардошта шудани таҳримҳои СММ Эрон ба узвияти СҲШ пазируфта намешавад


Намояндаи Русия дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой гуфт, ки Эрон ба узвияти комили ин созмон дар сурате қабул мешавад, ки СММ ҳама таҳримҳояшро дар нисбати ин кишвар пурра аз байн барад. Кирилл Барский гуфт, ки муқаррароти созмони Шонгҳой кишвареро, ки аз ҷониби СММ таҳрим шудааст, ба узвият қабул намекунад. Ҳоло Эрон барои барномаи ҳастаиаш аз ҷониби СММ чаҳор дафъа таҳрим шудааст. Дар нишасти имрӯзаи созмони Шонгҳой дар Чин президент Маҳмуди Аҳмадинажод иштирок мекунад. Эрон давоми ҳафт соли охир мехоҳад, ки ба узвияти ин созмони минтақаӣ шомил шавад.
XS
SM
MD
LG