Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Transparency International фасодро дар Аврупо баҳамзанандаи суботи иқтисодӣ номидааст


Созмони байналмилалии зидди фасод Transparency International мегӯяд, ки равобити наздики миёни соҳибкорону ҳукуматҳо ба афзоиши фасоду ришват сабаб шуда, суботи иқтисодии кишварҳои Аврупоро ба ҳам мезанад. Дар гузорише, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, созмони мазкур мегӯяд, ки соли 2011 қариб дар ҳама давлатҳои аврупоӣ мушкилоти марбут ба мудирият боиси сар задани моҷароҳои сиёсиву молӣ шудааст. Гузориши Transparency International мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсӣ, риштаи соҳибкорӣ ва созмонҳои шаҳрвандӣ дар мубориза бо фасод заъиф буда, нозирони давлатӣ, маъмурони ҳуқуқи башар ва комиссиюнҳои интихоботӣ беҳтар амал кардаанд. Паул Зубков, ҳамоҳангсози барномаҳои ин созмон бо арзи нигаронӣ аз вазъи Руминияву Булғористон гуфт, ки дар ҷумҳуриҳои соҳили Балтик вазъ хеле беҳтар ба назар мерасад:

- Давлатҳои назди Балтик дар як ҳолати хеле ҷолиб қарор доранд. Баъзеи онҳо барои дигар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳатто намуна шуда метавонанд. Масалан, Латвия як низоми хеле хушбинкунандаи муқаррароти молиро дар Аврупо ташкил кардааст. Вале ҳамоно дар ин давлатҳо тафовут ё фосилаҳои хеле ҷиддӣ дар бахшҳои харидҳои давлатӣ, дастрасӣ ба иттилоъ ва ҳимоят аз мунаққидони давлат вуҷуд доранд.

Созмони мазкур аз вакилони парлумонҳои аврупоӣ даъват кардааст, ки маъракаҳои пуштибонӣ аз сохторҳои моливу хусусиро дар Аврупо шаффофтар ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG