Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи нишасти кишварҳои узви Шонгҳой дар Пекин


маи 2010

маи 2010

Раҳбарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои ширкат дар як ҷаласаи дурӯзаи корӣ дар пойтахти Чин шаҳри Пекин гирди ҳам омаданд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо мавзӯи амният дар Осиёи Марказӣ ва вазъи Афғонистон қарор гирифтааст. Чин гуфтааст, ки ба эҳтимоли ғолиб барномаи мубориза бо терроризм дар чаҳорчӯби ин созмон идома хоҳад ёфт. Инчунин гуфта мешавад, ки музокираҳо мавзӯи рушди зербиноҳо ва ҳам маблағгузории тарҳҳои мухталифро дар саросари Осиёи Марказӣ дар бар хоҳанд гирифт. Созмони амниятии ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 ташкил шуд ва ба узвият он Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомил шуданд.
XS
SM
MD
LG