Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тахор 17 нафар бо иттиҳоми заҳролудшавии духтарҳои мактабхон боздошт шуданд


Як мақоми амниятии Афғонистон дар минтақаи шимолу шарқи Тахор мегӯяд, ки дар робита бо ҳодисаи бар асари газ заҳролуд шудани духтарҳои мактабхон 17 нафар боздошт шудаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо ҳам шаҳрвандони Афғонистон ва ҳам хориҷиҳо ҳастанд, мегӯяд хабарнигори радиои Озодӣ. Мақомоти умури маорифи вилояти Тахор гуфтанд, ки адр ин охирҳо дар шаш мактаби маҳаллӣ тақрибан 800 духтари толибилм бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз газ ба қайд гирифта шуданд. Толибон, ки ҳама гуна иртиботи худро бо ин ҳодиса рад кардаанд, ба масъулият кашондани гунаҳгорони ин ҳодисаро тақозо кардаанд.
XS
SM
MD
LG