Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Русия қонуни шадидан муҷозоткунандаи эътирозгаронро қабул кард


Думаи давлатии Русия тарҳи баҳсбарангези қонунеро ба тасвиб расонд, ки мизони ҷаримаи ширкатдорони намоишҳои эътирозиро фавқулодда боло мебарад. Ин тарҳ баъди беш аз 10 соати баҳсу баррасиҳо қабул шуд, ҳарчанд намояндагони мухолифон талош карданд бо ишора ба тахминан 400 ислоҳу тағйирот аз қабули ин қонун ҷилавгирӣ кунанд. Барои ин қонун 241 нафар раъйи мусбат ва 147 вакил раъйи мухолиф доданд. Раҳбари яке аз ҳизбҳои мухолифин Сергей Миронов тарҳи қонунро “бемаънӣ” хонд ва гуфт:

- Фирқаи “Русияи одили” мо тамоми талошашро ба он равона кард, ки бемаъниву хатарнок будани қабули ин қонунро, ки ҳадафаш бастани даҳони мардуми мо аст, намоиш диҳад. Мо нишон додем, ки “Русияи воҳид” ба хотири расидан ба ҳадафҳои барояш зарурӣ, омода аст тамоми муқарраротро нодида гирад, аз ақли солим ва муҳимтар аз ҳама, манфиатҳои мардум ва раъдиҳандагони худ сарфи назар кунад.

Қонуни баҳсбарангези қабулшуда мизони ҷаримаро барои эътирозгарон то ҳадди аксари 500 ҳазор рубл, муодили 15 ҳазор доллар, инчунин унвони моддаҳои муҷозот кунандаро ҳам афзоиш додааст. Мунаққидон мегӯянд, ки қонунит мазкур ба хотири саркӯби эътирозгарони режими президент Владимир Путин нигаронида шудааст.
7 маи соли ҷорӣ Путин барои сеюмин бор дар мақоми президенти Русия савганд ёд кард ва ин чиз мояи нигарониву эътирозҳои сокинони зиёди ин кишвар гардид.
XS
SM
MD
LG