Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Зайд Саидов, соҳибкори саршиноси тоҷик рӯзи чаҳоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 5 май дар нишасти ин Шӯро интихобот доир шуд ва ду нафар номазадии худро барои раҳбарии он пешинҳод карданд. Яке аз довталабон номзадии худро пас гирифт ва Зайд Саидов раиси ин Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иттиҳоди ҷамъиятии анҷуманҳои тиҷоратии кишвар интихоб шуд.

То кунун ин Шӯроро Некрӯй Забиров, раиси Ассотсиатсияи содиркунандагону воридкунандагони Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.

Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии кишвар 56 ассотсиатсия ё анҷумани бузурги соҳавии ҷумҳуриро муттаҳид месозад, ки аз номи анҷумани тоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунанд.

Номзадии Зайд Саидовро чанд тан аз ташаббускорон пешбарӣ кардаанд. Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков ӯро ҳамчун шахсияти шинохта ва арзанда барои ҷамъияти соҳибкорон номид.

Ёдрас мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфта аст.

Зайд Саидов 54 сол дорад. Ӯ дар соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм кардааст. То соли 1992 дар вазифаҳои мухталифи соҳаи саноат кор кардааст. Аз соли 1993 то 1999 мудири кулли ҶС «Халиф» дар шаҳри Маскав буд.

Зайд Саидов соли 1999 то 2006 аввал ба ҳайси раиси Кумитаи саноъат бадан ҳамчун вазири саноъати Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Анҷумани соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон ва раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон низ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG