Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷарима барои тазоҳуротро бештар кард


Палатаи поёнии порлумони Русия бо қабули қонуни баҳсбарангезе, ҷарима барои ширкат тазоҳуротро фавқуллода боло бурд ва ҷазоҳои барои ҳузур дар ҷамъомадҳои беиҷозаро зиёдтар кард. Қонунро баъди 10 соат баҳсу баррасӣ қабул карданд, агарчӣ вакилони мухолиф бо пешниҳоди 400 ислоҳ ба тарҳи қонун мехостанд, қабули онро ба таъхир андозанд. Қарор аст, қонуни мазкур ҳамин ҳафта дар Шӯрои Федератсияи Русия тасвиб ва барои имзо ба раиси ҷумҳур Владимир Путин пешниҳод шавад. Мунтақидон мегӯянд, аҳзоби тарафдори ҳукумат мехоҳанд, аз ҳамин роҳ ба идомаи тазоҳурот алайҳи раиси ҷумҳур Владимиру Путин, ки даври саввуми раёсати ҷумҳуриашро моҳи гузашта оғоз кард, мамониат кунанд.
XS
SM
MD
LG