Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Пекин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз меёбад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур хоҳад дошт. Бино ба гузоришҳо, дар ин нишасти дурӯза, шеваҳои расидагӣ ба таҳдидҳои амниятӣ ба минтақа, муқобилаи муштарак бо тероризму ифротгароӣ баррасӣ мешаванд. Интизор меравад, ки дар ин нишаст, Афғонистонро ба ҳайси кишвари нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бипазиранд. Ба ин созмон, Тоҷикистону Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистону Русия шомиланд.
XS
SM
MD
LG