Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Клинтон ба якпорчагии Гурҷистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, кишвараш ба Гурҷистон барои тақвияти нерӯи дифоъиаш кӯмак хоҳад кард ва аз раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ хост, интихоботи шаффофу одилона баргузор кунад. Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқоташ бо мақомоти Гурҷистон масоили тақвияти нерӯи дифоъии ин кишварро баррасӣ кардааст. Баъди дидор бо Михайил Саакашвилӣ, хонум Клинтон гуфт, “интизор дорад, ки Гурҷистон интихоботи озоду одилона баргузор ва сипас гузариши демократиро то соли 2013 такмил мекунад.” Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико ба Гурҷистон дар дифоъи қаламравҳои обиаш кӯмак хоҳад кард ва тарафдори ҳифзи якпорчагии ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG