Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон сафири Амрикоро расман ба ҳузур хондааст


Ричард Ҳоугланд
Ричард Ҳоугланд
Покистон имрӯз кордори сафорати Амрико Ричард Ҳоугландро расман ба ҳузур хонда, алайҳи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба сарзаминҳои қабиланишини шимолуғарби кишвар эътироз овард. Вазорати хориҷа гуфт, “нигаронии ҷиддии давлат аз ин ҳамлаҳо дар қаламрави Покистон” расман ба самъи Ҳоугланд расонда шуд. Исломобод ин ҳамлаҳоро “ғайриқонунӣ, зидди қонуни байналмилалӣ ва нақзи истиқлоли Покистон” меномад. Эътирози расмӣ дар пайи ҳамлаи дирӯза дар Вазиристони шимолист, ки Абӯяҳё Ал-Либӣ, як раҳбари аршади шабакаи Ал-Қоидаро ба ҳадаф дошт. Рӯшан нест, ки оё дар байни 15 кушташуда дар ин ҳамла ин мушовири аршади раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ ҳам будааст ё на. Ал-Либӣ қаблан аз чандин ҳамла ҷон ба саломат бурда, ҳатто тавонист аз як зиндони Амрико дар Афғонистон ҳам фирор кунад. Амрико дар баҳои сари ӯ 1 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG