Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи ситоди артиши Чин вориди Душанбе шуд


Фармондеҳи ситоди кулли артиши Чин Чен Бинде имрӯз бо як сафари расмии серӯза вориди Душанбе шуд. Чен Бинде бо мақомоти Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва ҳам тарбияи афсарони тоҷик дар Чинро баррасӣ ва дар расми гузоштани хишти аввали Кохи афсарон ширкат мекунад. Имрӯз як ҳайъати сарбозони артиши Чин низ ба хотири ширкат дар машқҳои муштараки Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар тамрингоҳи Чоруқдарон ба Тоҷикистон расиданд.
XS
SM
MD
LG