Пайвандҳои дастрасӣ

Арзиши Интернет дар Тоҷикистон боло меравад


Ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон билохира аз 1 июн ба пардохтани андози аксиз шурӯъ кардаанд. Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои провайдерӣ гуфт, ин метавонад арзиши Интернетро барои муштариён ба ҳисоби миёна то 4 дарсад боло барад. Андози аксизӣ барои хадамоти мобиливу интернетӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз 1 январ ҷорӣ шуда буд, вале эътирози ширкатҳо алайҳи ин навъи молиёт то имрӯз натиҷае надод.
XS
SM
MD
LG