Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон даргирӣ дар марзро таъйид кард


Арманистону Озарбойҷон дар рӯзи боздиди вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Ереван ҳамдигарро ба даргириҳои пурқурбонии марзӣ айбдор карданд. Арманистон имрӯз бо таъйиди хабари ҳалокати 5 сарбози озарӣ дар даргирӣ бо нирӯҳои арманӣ масъулиятро ба Боку бор кард. Вазорати дифоъи Озарбойҷон қаблан гуфт, нирӯҳояш аз талоши вуруди “як гурӯҳи харобкори арманӣ” пешгирӣ кардаанд. Ҳилларӣ Клинтон, ки бо сафаре дар Қафқоз ба сар мебарад, дирӯз ҳушдор дод, ки таниш бар сари Қаробоғи кӯҳӣ метавонад мунҷар ба низоъи боз ҳам шадидтар шавад.
XS
SM
MD
LG