Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 сарбози озарӣ дар марз бо Арманистон


Вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфт, дар даргириҳо бо силоҳбадастони “харобкор”-е, ки аз Арманистон мехостанд вориди ноҳияи Қазох шаванд, 5 сарбози озарӣ кушта шудаанд. Як рӯз пеш Арманистон аз кушта шудани се сарбози арманӣ дар даргирӣ бо “харобкорони озарӣ” хабар дода буд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дирӯз дар Ереван ҳушдор дод, ки таниши ин ду кишвари Қафқоз бар сари вилояти умдатан арманинишин ва ҷудоихоҳи Қаробоғи кӯҳӣ метавонад мунҷар ба низоъи шадидтар шавад. Клинтон фардо аз Озарбойҷон низ боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG