Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин марзбони қазоқро зинда пайдо кардаанд


Як марзбони қазоқро, ки чанд рӯз боз, дар пайи дар як гузаргоҳ дар марзи Қазоқистону Чин ба таври мармуз кушта шудани 14 ҳамхидмати ӯ ва як ҷангалбон нопадид шуда буд, зинда пайдо кардаанд. Вазири умури дохилаи Қазоқистон Қулмуҳаммад Қосимов гуфт, ин марзбон дар як манзили чӯпонӣ дар наздикии посгоҳи рӯзи 30 май сӯзондашудаи Арканкерген ёфт шуд. Қосимов гуфт, ӯро либоси мулкӣ дар тан ва силоҳи марбут ба фармондеҳи он посгоҳ дар даст пайдо карданд ва ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Вале вазир гуфт, мӯҳтавои бозпурсии ин марзбон то анҷоми таҳқиқот нашр нахоҳад шуд. Мақомот исми марзбонро ҳам эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG