Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти гарми Клинтон аз якпорчагии Гурҷистон


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Батумӣ дар нишасти “Гуфтугӯи стротегӣ” бо мақомоти Гурҷистон масоили таҳкими иқтидори дифоъии ин кишвари Қафқозро баррасӣ кард. Клинтон бо ширкат дар расми баҳрабардории дубора аз як киштии гурҷии бо кумаки Амрико навсозишуда гуфт, Амрико аз якпорчагии Гурҷистон ҳимоят мекунад. Ӯ аз Русия даъват кард, нирӯҳояшро аз Абхозистону Осетияи ҷанубӣ берун кашад: “Мо тасарруф ва низомисозии қаламрави Гурҷистон аз сӯи Русияро радд ва аз Русия даъват мекунем, тааҳҳудоташ тибқи созишномаи оташбаси соли 2008-ум, бо шумули хуруҷи нирӯҳояш ба мавзеъҳои то оғози низоъ ва дастрасии озод барои кумакҳои башариро иҷро кунад.”
Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи соли 2008 истиқлоли ҳарду вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кард, вале соъири дунё Абхозистону Осетияи ҷанубиро бахши Гурҷистон медонад.
XS
SM
MD
LG