Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи мақоми забони русӣ дар Украина


Имрӯз ҳазорон нафар дар рӯбарӯи парлумони Украина алайҳи тарҳи қонуне эътироз карданд, ки ба забони русӣ дар баъзе вилоёти ин кишвар мақоми расмӣ медиҳад. Имрӯз 234 вакил аз 450 вакили Верховни Рада бо вуҷуди мухолифати вакилони оппозисиюн ин тарҳро дар қироати аввал тасвиб карданд. Фирқаҳои мухолиф ба дунбол изҳор доштанд, ки дар беруни парлумон барои тазоҳуроти дарозмуддат хайма хоҳанд зад. Тибқи ин тарҳ, забони украинӣ забони расмии кишвар боқӣ мемонад, вале забони русӣ дар вилоёти умдатан русзабон метавонад дар додгоҳҳову бемористонҳо ва идороти дигар истифода шавад.
XS
SM
MD
LG