Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сафари кӯтоҳаш ба Узбакистон ва дидор бо Ислом Каримовро мусбат арзёбӣ кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар шаҳри Тошканд дар мулоқот бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов Узбакистонро шарики аслии Русия дар минтақа хондааст. Ӯ, ки дар поёни сафараш ба Узбакистон бо хабарнигор сӯҳбат мекард, гуфт, ширкати нафтии ЛУКОЙЛ-и Русия ба иқтисоди Узбакистон дар тӯли ҳафт соли оянда панҷуним миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

"Бархе аз ширкатҳои мо (Русия) ба ин ҷо омада фаъолона кор мекунанд ва барномаи сармоягузорияшон низ бузург аст",-гуфт Путин ба хабарнигорон. Ӯ дар робита ба рақобати Русияву Узбакистон дар масъалаи газ афзуд, "Тошканд бо он нерӯе, ки дорад, ҳоло рақиби Маскав маҳсуб намешавад."

"Мо бо Узбакистон дар масъалаи газ рақобати хосе надорем. Агар ширкатҳои ба ин ҷо омада, нақшаҳояшонро амалӣ кунанд, аз ҷумла Газпрому ЛУКОЙЛ ва гази зиёд истихроҷ шавад, он вақт шояд дар робита ба тақсимоти он суолҳое пайдо шавад",-илова кард раисиҷумҳури Русия.

Ҳамчунин, Владимир Путин аз имзои ёддошти тафоҳум барои ворид шудани Узбакистон ба минтақаи озоди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) изҳори қаноатмандӣ кард. Вай инро "нишонаи хуб" донист. Ҳарду тараф ҳамчунин эъломияи ҳампаймонии стратегии байни Русияву Узбакистонро имзо кардаанд.

Қарордоди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни 8 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) моҳи октябри соли 2011-ум дар Санкт-Петербурги Русия ба имзо расида буд. Ин санадро Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расонда, Узбакистону Туркманистон ва Озарбойҷон гуфта буданд, имкон дорад, онҳо низ ба ин қарордод ҳамроҳ шаванд.

Бар асоси ин қарордод боҷи содиротӣ ва воридотӣ барои бахши аъзами коло дар қаламрави ин иттиҳод лағв хоҳад шуд. Соли 1994 ба ин монанд қарордод дар Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд қабул шуда буд, вале худи Русия ҳамин қарордодро тасвиб накард

Дар масъалаи пайвастани Узбакистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ бошад, Путин гуфт, "ин мавзӯи сӯҳбатҳои оянда аст." Табодули мол миёни Русияву Узбакистон дар соли 2011-ум ба тақрибан 6 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG