Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон имрӯз бо Саакашвилӣ музокирот хоҳад дошт


Клинтон дар Батумӣ
Клинтон дар Батумӣ
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Батумӣ бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ мулоқот хоҳад кард. Клинтон дирӯз дар пайи хатми сафари Арманистон – нуқтаи аввали боздидаш аз Қафқоз – вориди Гурҷистон шуд. Фардо ӯ аз Озарбойҷон низ дидан карда, рӯзи 7 июн ба Туркия хоҳад рафт. Клинтон дирӯз дар Ереван ҳушдор дод, ки танишҳо байни Аранистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи кӯҳӣ метавонад мунҷар ба низоъи шадидтар шавад. Ӯ аз Туркия низ даъват кард, муносиботашро бо Ереван оддӣ созад.
XS
SM
MD
LG