Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо як сафари серӯза вориди Пекин шуд. Ошӯби давомдори Сурия ва баҳси ҳастаии Эрон дар канори масоили иқтисодӣ, аз ҷумла масоили энержӣ, аз мавзӯъҳои асосии ин нахустин сафари осиёии Путин дар пайи шурӯъи давраи севуми раёсати ӯ хоҳад буд. Аммо дар ин сафар имзои қарордоди дар сол ба Чин фурӯхтани ҳудуди 70 миллиард метри мукааб гази Русия интизор намеравад. Путин, ки аз Узбакистон ба Чин омад, дар Пекин дар нишасти дурӯзаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ширкат карда, рӯзи 7 июн аз инҷо ба Қазоқистон хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG