Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи саҳомдорони Роғун оғоз ёфт


Акс аз ҷаласаи соли 2011

Акс аз ҷаласаи соли 2011

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи солонаи саҳомдорони нирӯгоҳи Роғун оғоз ба кор кард. Дар ин ҷаласа бояд масрафоти сохтмон дар соли 2011 баррасӣ ва ҳайъати нави Шӯрои нозирон ва куммиссиюни тафтишотӣ интихоб шавад. Ҳамчунин қарор аст, саҳомдорон оинномаи ҷамъияти саҳҳомии «Нирӯгоҳи Роғун»-ро тасвиб ва ширкати масъули аудит(бозрасӣ)-и фаъолиятҳои ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон муҳимро таъйин кунанд. Тоҷикистон ду сол пеш бо ваъдаи дивидендҳои бузург маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба роҳ андохта, дар зарфи 3 моҳ аз аҳолӣ ва корхонаҳо зери 900 миллион сомонӣ ҷамъ кард. Вале ин маърака дар пайи эътирози ниҳодҳои кумакрасон бидуни кадом эълон батадриҷ қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG