Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин гуфт, "муносибат бо Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад".

Субҳи рӯзи панҷуми июн дар Пекин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамтои чинии худ Ҳу Ҷинтао мулоқот анҷом дод. Дар ин дидор ҷаноби Раҳмон гуфтааст, муносибат бо Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми беҳтаре дорад.

Ӯ афзудааст, "давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои накӯ, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд. Тоҷикистон чун ҳамеша дар масоили ягонагию якпорчагии Чин мавқеи устувору бетағйир дорад."

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ таъкид намудаанд.

Бино ба иттилои ин манбаъ, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расидааст, ки инҳоянд:

-Эъломияи муштараки Тоҷикистону Чин;
-Созишнома миёни Тоҷикистону Чин дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ.


Дар ҳамин ҳол, давлати Чин барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба Тоҷикистон 150 миллион юан, баробар ба 24 миллион доллар, кӯмаки бебозгашт ё грант ҷудо ихтисос додааст.

Имрӯз, панҷуми июн, сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин анҷом меёбад. Вай рӯзи якуми июн ба он ҷо рафта, бо соҳибкорони чинӣ ва масъулони корхонаи тилою миси Зи Ҷин дидору мулоқот анҷом дод.

Тоҷикистон ҳоло мехоҳад, аз ҳар лиҳоз ҳамкориҳои худро бо Чин дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад. Дар ҳоли ҳозир 50 ширкати чинӣ дар тарҳҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нақби "Шаҳристон", бозсозии нақби "Шаршар", бунёди хатти баландшиддати барқи 500-мегаваттии "Ҷануб-Шимол" ва 220-мегаваттии Лолазор-Хатлон фаъолият доранд.

Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон то поёни соли 2011 ба 1,5 миллиард доллар расида, Чин дар ин замина аз сармоягузориҳои Эрону Русия дар якҷоягӣ пеш гузашт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG