Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсим ва аломатгузории марз оғоз шуд.

Даври навбатии нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсим ва аломатгузории марз дар шаҳри Бишкек ба кори худ оғоз кардааст.

Қурбонбой Искандаров, як масъули ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, "ин музокирот дар сатҳи байни ҳукуматҳо баргузор мешавад ва ҷонибҳо дар ин нишаст паҳлуҳои ҳуқуқии масъаларо баҳс мекунанд."

Аз ин пештар, моҳи феврали соли ҷорӣ, низ ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ин масъаларо ба боди баҳс кашида, вале ба натиҷае нарасида буданд. Бо ин вуҷуд, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол беш аз 50 дарсади марзи 940-километрии миёни Тоҷикистону Қирғизистон дақиқ шуда, ҳамакнун сари 471 километр баҳсҳо идома доранд.

Хатҳои номуайяни марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон борҳо боиси даргирӣ ва занозании сокинон шудааст. Муноқишаи хунин барои манобеи табиӣ дар миёни тоҷику қирғизҳо дар ноҳияи Исфара ҳатто дар замони Шӯравӣ дар соли 1989-ум ба вуқӯъ пайваст, ки дар он замон се нафар кушта шуданд.

Солҳои охир муноқишаҳои кӯчаке байни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, аммо мардуми ду тараф то кунун аз низоъҳои оммавӣ эмин мондаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 900 километр марз доранд ва бо вуҷуди музокироти тӯлонӣ дар мавриди тақсиму аломатгузории марз ба мувофиқа нарасидаанд. Қирғизистон бар асоси нақшаҳои дигаре мехоҳад, марз тақсиму аломатгузорӣ шавад ва Тоҷикистон бар асоси нақшаи дигаре. Шӯравии собиқ ҳам аз ин нақшаҳо ба ду кишвар зиёд мерос гузоштааст, ки яке аз солҳои 30-юм асту дигаре аз солҳои 60-ум.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG