Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон дар Қафқоз аз мушкили Қаробоғи Кӯҳӣ сухан гуфт


Вазири умури хориҷии Амрико дар идомаи сафараш ба кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ вориди Гурҷистон шуд.

Ҳилларӣ Клинтон, ки ҳадафаш тақвияти ҳамкориҳо бо Тифлис, як шарики наздики Амрикост, дар шаҳри Батумӣ, дар соҳили Баҳри Сиёҳ, бо Михаил Саакашвилӣ - раисиҷумҳури Гурҷистон мулоқот хоҳад кард.

Ӯ рӯзи душанбе, 4-уми июн, дар шаҳри Ереван - пойтахти Арманистон буд ва дар онҷо ҳушдор дод, ки муноқиша байни Арманистону Озарбойҷон бар сари вилояти Кӯҳистони Қаробоғ метавонад, ба ҷанги васеъмиқёсе табдил ёбад.

Хонум Клинтон дар нишасти хабарии муштарак бо Серж Саркисян, раисиҷумҳури Арманистон гуфт: "Аз хатари шиддат гирифтани танишҳо ва марги бемаънии сарбозони ҷавон ва мардуми бегуноҳ бисёр нигаронам. Истифода аз нерӯ, низои Кӯҳистони Қаробоғро ҳал нахоҳад кард ва аз ин рӯ аз нерӯ набояд истифода кард."

Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин аз Туркия хост, равобиташ бо Арманистонро, ки дар авҷи ҷанг барои Қаробоғи Кӯҳӣ дар соли 1993 канд, барқарор кунад. Танишҳо миёни Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ, як вилояти умдатан арманинишин ва ҷудоихоҳи Озарбойҷон, то кунун зиёд аст ва ду тараф гоҳ-гоҳе якдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам мекунанд.

Рӯзи 4-уми июн Арманистон гуфт, се сарбози онҳо дар як даргирӣ бо “марзшиканҳо”, ки қасд доштанд, аз Озарбойҷон вориди минтақаи Тавуши Арманистон шаванд, кушта шуданд. Ба гуфтаи вазорати дифои Арманистон чандин сарбози дигари арманӣ дар ин тирандозӣ захмӣ гардидаанд.

Дар аввалҳои солҳои 90-ум дар ҷанги Арманистон бо Озарбойҷон бар сари Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Қаробоғ тақрибан 30 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ин ҷанг арманиҳо Қаробоғу манотиқи атрофи онро таҳти назорат дароварданд ва соли 1994-ум ҷанг бо созиши оташбас хотима ёфт, вале сарнавишти вилоят ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ҳилларӣ Клинтон аз Гурҷистон рӯзи 6-ум июн ба Озарбойҷон ва аз он ҷо сипас ба Туркия сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG