Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба як узви баландпояи Ал-Қоида


Бино ба гузоришҳо, як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико, як узви баландпояи Ал-Қоидаро нишон гирифтааст, вале маълум нест, ки ӯ дар миёни кушташудагон ҳаст, ё не? Ба гуфтаи манобеъе дар ҳукумати Покистон, Абуяҳё ал-Либӣ, рӯзи душанбе дар минтақаи шимолуғарбии Вазиристони Шимолӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Абуяҳё шаҳрванди Либияро, дастёри аршади Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида дониста медонанд. Ӯ аз ҳамлаҳои пешина ҷон ба саломат бурда ва боре ҳам аз як зиндони таҳти назари Амрико дар Афғонистон фирор кардааст. Ҳукумати Амрико барои сари ӯ 1 миллион доллар подош таъйин кардааст. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико аз рӯзи шанбе то дирӯз се маротиба дар манотиқи марзии Покистон бо Афғонистон ба тундравон ҳамла карда ва тақрибан 30 нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG