Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин вориди Чин мешавад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар идомаи сафараш ба кишварҳои осиёӣ имрӯз вориди Чин мешавад. Дар ҷараёни сафари серӯзааш, ӯ бо мақомоти Чин, низоъ дар Сурия ва барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, ҳамчунин Чину Русия як бунёди муштараки сармоягузории дорои чанд миллиард долларро муаррифӣ кунанд. Владимир Путин ҳамчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат хоҳад кард ва бо раиси ҷумҳурони Эрону Афғонистон низ мулоқотҳои ҷудогона хоҳад дошт. Путин дирӯз дар шаҳри Тошканд буд ва бо ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримов гуфтааст, Ӯзбакистон шарики аслии Русия дар минтақа аст.
XS
SM
MD
LG