Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хунрезӣ дар Сурия идома кард


Нерӯҳои давлатии Сурия дар се рӯзи гузашта вориди набари шадиде бо шӯришиёни мусаллаҳ шуданд. Фаъолони мухолифини Сурия рӯзи душанбе гуфтанд, рӯзҳои таътили гузашта дасти кам 80 сарбози давлат дар ин ҷанг кушта шудаанд. Як сухангӯи Артиши Озоди Сурия гуфт, шӯришиён дигар пойбанди барномаи сулҳи Созмони Милал нестанд, ки натавонист ба хунрезӣ дар Сурия хотима диҳад. Айни замон Иттиҳодияи Аврупо аз Русия хост, ихтилофоти назар дар робита ба роҳҳои хотима додан ба муноқишаи 15 моҳа дар Сурияро рафъ кунад. Ҳерман Ван Ромпуӣ, раиси Шӯрои Аврупо дар Маскав гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ва Сурия комилан мувофиқанд, ки барномаи сулҳи Созмони Милал “беҳтарин имконият” барои ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аст. Ӯ афзуд, бисёр муҳим аст, то ду тараф барои ҳалли ин бӯҳрон талош кунанд.
XS
SM
MD
LG