Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Либия фурудгоҳи Троблусро гирифтанд


Ҳукумати муваққати Либия мегӯяд, як гурӯҳи мусаллаҳро аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Троблусро ронда ва назорати фурудгоҳро дигарбора ба даст гирифт. Муовини вазири умури дохилии Либия гуфт, даҳҳо нафар аъзои ин гурӯҳро дастгир карданд, ки онҳо рӯзи душанбе бо мошинҳои зиреҳпӯши худ, хати парвози фурудгоҳро баста монеъи нишастани ҳавопаймоҳо шуданд. Гурӯҳи мусаллаҳ, ки фурудгоҳро ишғол карда буд, аз ҳукумати Либия талаб дошт, яке аз раҳбарони онҳоро раҳо кунанд, ки ӯ рузи 3 июн ғайб зад. Фурудгоҳи байналмилалии Троблус барои 24 соати оянда баста мемонад. Ҷанҷоли мазкур дар замоне бархост, ки қарор аст, то чанд ҳафтаи оянда интихоботи порлумонӣ дар Либия баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG