Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тамаллуқи" Владимир Путин ба Ӯзбакистон


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар шаҳри Тошканд дар мулоқот бо ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримов гуфтааст, Ӯзбакистон шарики аслии Русия дар минтақа аст. Владимир Путин, ки имрӯз ба Чин меравад, бо Ислом Каримов, ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди пайвастани Ӯзбакистон ба минтақаи озоди иқтисодӣ дар миёни кишварҳои шӯравии собиқро имзо кард. Ҳарду тараф ҳамчунин эъломияи ҳампаймонии стротежии байни Русияву Ӯзбакистонро имзо кардаанд. Мубодилоти мол миёни ду тараф дар соли 2011 ба тақрибан 6 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG