Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳи ҷиноии хатарнок дар Панҷ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии чаҳорнафариро, ки ба қатл ва бомбгузорӣ муттаҳам мешаванд, боздошт кардаанд. Дар баёнияи расми вазорат омадааст, гурӯҳи мазкур бо раҳбарии Шералӣ Адҳамови 37-сола, ки дер боз ҷустӯҷу мешуд, дар деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ дастгир шуданд. Зимни амалиёт ин афрод ба маъмурони амниятӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, аммо касе осеб надидааст. Ба гуфтаи вазорат ҳамчунин аз манзили истиқоматии Шералӣ Адҳамов ду автомати Калашников, 15 телефони ҳамроҳ ва дигар муҳимоти ҷангиву миқдори зиёди маводи мухаддир ва якчанд мошин мусодира шудааст. Оҷонси мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон аз соли 2010 дар ҷустӯҷуи Шералӣ Адҳамов буда ва барои мусоидат дар боздошти ӯ подош ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG