Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори дипломатҳо бо зиндониёни тоҷик дар Кобул


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 9 зиндонии тоҷик дар зиндони “Пули Чархӣ”-и шаҳри Кобул майли бозгашт ба кишвар доранд. Дипломатҳои тоҷик ахиран бо ин афрод, ки аз ҷумла бо гуноҳи узвият дар созмонҳои тундрав ва террористӣ ва қочоқи маводи мухаддиру машрубот ҷазо гирифтаанд, мулоқот кардаанд. Вазорат бо нашри баёнияе дирӯз гуфт, дипломатҳо зиндониёни тоҷикро огаҳ кардаанд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба онҳоро бояд барои адои ҳукми зиндон ба Тоҷикистон бифристанд ва ҳамаи 9 нафар гуфтаанд, ки майли бозгашт ба кишвар доранд. Қаблан гузориш шуда буд, ки 5 нафар аз ин маҳбусон намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, аз ин рӯ иҷрои созишномаи табодули зиндониён миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Аммо вазорат мегӯяд, идомаи муҳокимаи додгоҳии 6 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон масъалаи иҷрои созишномаро ба таъхир андохтааст. Дар зиндону боздоштгоҳҳои Афғонистон 14 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд ва дар Тоҷикистон тақрибан 100 зиндонии афғон ва ду тараф созишнома барои табодули ин зиндониёнро имзо кардаанд. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, то кунун бештар аз 280 шаҳрванди зиндонии Афғонистонро бо изҳори ҳусни ният ва кори хайр барои идомаи адои ҳукм ба ватанашон бозпас фиристодааст.
XS
SM
MD
LG