Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз бӯҳрони молии Аврупо изҳори нигаронӣ кард


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, вай аз ташдиди бӯҳрони молӣ дар Аврупо нигарон аст, зеро ин бӯҳрон ба иқтисоди Русия ва тиҷорати Русия бо Аврупо асари манфӣ мегузорад. Путин ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ баъд аз мулоқот бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Санкт Петербург изҳор дошт. Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ин гуфтаҳои Путинро рад кард ва изҳор дошт, ки таъсири манфии бӯҳрони Аврупо ба Русия хеле муболиға шудааст. Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо гуфт, вай мутмаин аст, ки ин бӯҳрони молӣ паси сар мешавад. Мулоқоти Санкт Петербург дар ҳоле баргузор шуд, ки арзиши рубли русӣ дар се соли ахир ба поинтарин нуқтаи худ расидааст.
XS
SM
MD
LG