Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба Тошканд бо диққати тамом дунбол мекунанд.

Агарчӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин сафар ба равобити байни Русияву Узбакистон дахл дорад, аммо коршиносон бо назардошти муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд сари он баҳс мекунанд, ки дидори Владимир Путин ва Ислом Каримов чӣ таъсире ба ин равобит хоҳад дошт.

Бино ба маълумоти расмӣ, қарор аст, дар ин мулоқот узвияти эҳтимолии Узбакистон дар минтақаи тиҷорати озоди ИДМ (СНГ) баррасӣ шавад. Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабарнигорон гуфтааст: "Ислом Каримов омодагии кишварашро барои ҳамроҳ шудан ба минтақаи тиҷорати озод изҳор кардааст. Вале ҷараёни он чандон содда ҳам нест. Бояд баъзе шартҳоро иҷро кард."

Александр Князев

Александр Князев

Дар ҳамин ҳол, Александр Князев, коршиноси масъалаҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ бо боварии том гуфт, дар дидори Путин бо Каримов мавзӯи нерӯгоҳи Роғун низ баррасӣ хоҳад шуд: “Комилан мутмаинам, ки масъалаи Роғун ва ҳам масъалаи обу энержии минтақа дар ин дидор мавриди гуфтӯгӯ қарор хоҳад гирифт. Дар шароити имрӯз сармоягузори беҳтар аз Русия дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистонро намебинам. Вале ин ҳама танҳо ба як шарт сурат хоҳад гирифт, ки тарҳҳои мазкур бо Узбакистон мувофиқат карда шавад. Аз ҳама беҳтар ин масъаларо бо роҳи мусолиматомез бояд ҳал кард ва Узбакистон низ ба ин сохтмонҳои муҳим бояд ҷалб шавад.”



Ба қавли яке аз мушовирони президенти Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар мулоқоти аввали моҳи май дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон аз Путин хост, мушкили байни Душанбе ва Тошкандро ҷиддӣ гирад ва ба ҳалли он кӯмак кунад. Биноан, дар ҳоле ки интизор меравад, дар Тошканд дар ин масъала пешрафту тағйире ҳосил хоҳад шуд, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, Георгий Кошлаков, мегӯяд, ин мавзӯъ дар дидори Тошканд аслан матраҳ нахоҳад шуд, зеро масъалест, ки бояд дар нишасти сеҷониба ва бо ширкати Тоҷикистон гуфтугӯ шавад.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Коршиноси тоҷик Зафар Абдуллоев низ бар ин аст, ки тағйире дар Тошканд ба бор нахоҳад омад. Ба қавли вай, Маскав дар ин баҳс пеш аз ҳама фоидаи худро ба инобат хоҳад гирифт ва ҳамон изҳоротеро такрор хоҳад кард, ки аз забони раисиҷумҳури собиқи Русия Дмитрий Медведев садо дода буд: “Мо набояд ранҷем, пас аз ин дидор агар Путин изҳорот диҳад, ки дарёи Oмӯ як рӯдхонаи фаромарзист ва Русия аз назари манофеи худ ба ин масъалаҳо назар мекунад ва, албатта, ба кишвари аз лиҳози иқтисодӣ қавитар аҳамият медиҳад. Баъди саҳмияҳои Роғун ба мардум фурӯхта шудан, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ба ҳеҷ кишваре тарҳи Роғунро нахоҳад дод. Ин ба Русия хуш намеояд. Аз ин рӯ, бештар Русия мавқеи бозигариро дар ин баҳсҳо пеш хоҳад гирифт ва бо ин роҳ ба захоири энержии Осиёи Марказӣ роҳ хоҳад ёфт.”

Ёдовар мешавем, пеш аз сар задани мухолифати Тошканд бо тарҳи нерӯгоҳи Роғун, Русия худ мехост, дар он сармоягузорӣ кунад ва чунин созиш дар мулоқоти Раҳмону Путин дар соли 2004-ум дар Сочӣ ҳосил шуда буд.

Дертар дар сафари Путин ба Душанбе созишномаи сармоягузории баробар ба 2 миллиард доллар ба имзо расид, аммо ҳарчанд тарафи Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро ба ҷо овард, Маскав аз онҳо ақибнишинӣ кард. Бархе аз коршиносон ва нашрияҳои Тоҷикистон изҳори ҳайрат мекунанд, ки Русия бо вуҷуди доштани калонтарин пойгоҳи ҳарбияш дар Тоҷикистон ғолибан дар талоши он аст, ки Узбакистонро ба худ бештар наздик кунад. Дар ин байн масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда ва ҳаққи истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ба ҳайси масъалаҳои ҳалношудаи байни Маскаву Душанбе боқӣ мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG