Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ожонси ҳастаӣ бо Эрон 8 июн баргузор мешвад


Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ ва Эрон 8 июн бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ин Ожонс мехоҳад ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар Порчин дастрасӣ пайдо кунад ва дар он ҷо бо фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ошно шавад. Юкио Омано-раиси Ожонси мазкур рӯзи душанбе дар бораи ин мулоқот эъломия пахш кард ва гуфт, ин мулоқот дар Вена баргузор мешавад. Вай аз Эрон хост қабл аз ин мулоқот бозрасони Ожонс аз Порчин боздид кунанд. Маҳофили байналмиллалӣ шак доранд, ки Эрон дар таъсисоти Порчин бо иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ машғул аст.
XS
SM
MD
LG