Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави матбуот барои такмил ба журналистон дода шуд


Қонуни нави матбуот қабл аз баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон ба идораи расонаҳои Тоҷикистон ирсол шудааст.

Қироншоҳ Шарифзода, узви гурӯҳи кории таҳияи қонуни мазкур дар назди порлумони Тоҷикистон, ба "Озодӣ" гуфт, созмонҳо то як ҳафта фурсат хоҳанд дошт, ки ҷиҳати такмил ва суфта шудани ин тарҳ мулоҳизоту пешниҳоди худро ироа кунанд.

Тарҳи нави Қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия шуда буд. Ин тарҳ чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ шуда ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар порлумон то кунун тӯл кашидааст.

Акнун гуфта мешавад, имкон дорад, то рафтани вакилони Маҷлиси намояндагон ба рухсатии тобистона Қонуни нави матбуот қабул шавад. Махсусан, бо назардошти он ки бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шуда, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст.

Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯи порлумони Тоҷикистони Шуравӣ қабул шуда буд. Аммо дар ин муддат чандин бор ба он тағйирот ва илова ворид намуданд. Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.
XS
SM
MD
LG