Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд машқҳои низомӣ баргузор мешавад


7-14 июни соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд дар маҳале бо номи Чорухдайрон машқҳои низомии зиддитеррористӣ баргузор мешавад. Дар он бештар аз 2 000 сарбозу афсар аз воҳидҳои низомии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат меҷӯянд. Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Русия ва Узбакистону Чин узви ин созмон мебошанд. Вале низомиёни Узбакистон дар ин машқҳо ширкат намекунанд. Ба машқҳои низомӣ нируҳои ҳавоӣ, тӯпхона ва техникаи зиреҳдор ҷалб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG